Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қариб ба 1 миллион мусофир хизмат расонидааст
ДУШАНБЕ, 28.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар шашмоҳаи аввали соли равон ба 991 ҳазор нафар хизмат расонидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 260 ҳазор нафар ё 30 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз ба намояндагони расонаҳои хабарии ватанӣ ва хориҷӣ директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Мавсуф афзуд, ки миқдори умумии бор ва почтаи аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» қабул ва интиқолгардида дар ин давра 1551,2 тоннаро ташкил дод, ки дар қиёс ба шашмоҳаи якуми соли қаблӣ 589 тонна ё 61,2 фоиз зиёд аст. Таъкид шуд, ки дар ин давра шумораи умумии хатсайрҳои хизматрасонида 3395 ададро ташкил дод, ки аз ин омор 2792 ададаш хатсайрҳои мунтазам мебошанд.
Инчунин дар нишаст гуфта шуд, ки бо сабабҳои гуногун дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 42 ҳолати дер омадани бағоҷи мусофирон ба қайд гирифта шуда, ҳолати норасоӣ дар бағоҷ 16 адад ва осебёбии бағоҷи мусофирон 22 ададро ташкил дод. Омори батаъхирмонии парвоз 554 ададро ташкил дод, ки бархе аз он ба номусоидии вазъи ҳаво иртибот дорад.
Даромади Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар ин давра беш аз 334,6 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 миллион сомонӣ зиёд ва хароҷот 382,7 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 79,7 миллион сомонӣ ё 26,3 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра натиҷаи молиявии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» 20,6 миллион сомонӣ фоидаро ташкил дод. Аз ин ҳисоб фурудгоҳи мазкур ба буҷети ҷумҳуриявӣ 18 миллиону 700 ҳазор сомонӣ пардохт намудааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд






