Гармӣ дар якчанд давлати Аврупо бо тӯфону жола ҷой иваз намуд

Июль 21, 2023 17:54

ДУШАНБЕ, 21.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар якчанд давлатҳои аврупоӣ ҳавои ғайримуқаррарӣ тадриҷан паст шудан гирифт, аммо дар баъзе минтақаҳо бар ивази он тӯфони шадид ба амал омад. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Euronews иттилоъ медиҳад.

Ҳамин тавр, дар шимолу шарқи Италия пас аз сабти ҳарорати баланд дар аввали ин ҳафта тӯфони шадид бо жолаи бузург ба амал омад. Обу ҳавои номусоид ба вилояти Венето таъсир расонд, ки дар он ҷо беш аз 100 нафар ҷароҳат бардоштанд. Жола инчунин ба токзоре, ки дар он навъҳои ангури барои просекко истифодашаванда парвариш  мешуданд, зарар расонд.

Сокинони Хорватия ва Словения низ бо ҳавои тӯфонӣ рӯ ба рӯ ва зиёда аз 10 нафар захмдор шуданд.

Дар ҳамин ҳол, дар Юнон ҳарорат паст намешавад. Дар шароити ҳарорати 40 дараҷа сӯхторнишонон дар наздикии Афина бо сӯхторҳои табиӣ мубориза мебаранд. Дар ин амалиёт ҳавопаймоҳо ва чархболҳо, аз ҷумла аз давлатҳои дигари Аврупо иштирок доранд. Тавре интизор меравад, то охири ҳафта ҳарорати ҳаво аз 45 дараҷа боло хоҳад рафт. Вазорати фарҳанги кишвар тасмим гирифт, ки тамоми ёдгориҳои бостоншиносӣ, аз ҷумла Акрополи Афинаро то 23 июл барои меҳмонон бандад.

 Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Felix Mittermeier / pixabay.com

Июль 21, 2023 17:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад