Гармои ғайриодӣ бинобар тағйирёбии иқлим ба амал омадааст
ДУШАНБЕ, 20.07.2023 /МИТ «Ховар»/. Аврупои Ҷанубӣ гармтарин ҳафтаро дар таърихи худ аз сар мегузаронад. Гармии шадид ҳамчунин Осиёи Шимолӣ ва Амрикои Шимолиро фаро гирифтааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба euronews иттилоъ медиҳад.
Аврупои ҷанубӣ дар зери офтоби дурахшони беамон қарор дорад, ки рӯзона чашмро бурда, шабона бо гармии шадид аз худ хотира боқӣ мегузорад. Дар Испания аллакай аз субҳи барвақт сутунҳои термометрҳо аз 30 дараҷа боло, нисфирузӣ аз 40 дараҷа боло баромадаанд. Мавҷи гармӣ чанд рӯз боз идома дорад.
Аммо гармӣ на танҳо дар Аврупо аст, балки ҳарорати ғайримуқаррарӣ дар Амрикои Шимолӣ ва Осиёи Шимолӣ низ мушоҳида мешавад. Дар Токио ҳароратсанҷҳо аз 37 дараҷа боло баромаданд, дар ин ҷо на ҳамаи одамон ҷуръати бе чатр ба берун баромадан доранд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Euronews








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






