Хонандагони шаҳри Душанбе ба Лагери истироҳативу маърифатии «Артек»-и Сочи рафтанд
ДУШАНБЕ, 17.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 июл то 5 август як гурӯҳ хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар Лагери истироҳативу маърифатии Маркази байналмилалии кӯдаконаи «Артек» (Сочи) истироҳат мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Роҳхат ба ин истироҳатгоҳро хонандагони мазкур бо ба даст овардани ғолибият дар озмуни байналмилалӣ аз рӯи Барномаи «Ҷавонони Иттиҳод» сазовор гардиданд.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ин хонандагон ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия сафар карда, то 5 август истироҳат менамоянд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






