«Имкониятҳои сайёҳии Душанбе: таҳияи хатсайрҳо ва таъмини устувории онҳо». Таҳти ин унвон дар Китобхонаи миллӣ конфронс доир гардид
ДУШАНБЕ, 04.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Имкониятҳои сайёҳии Душанбе: таҳияи хатсайрҳо ва таъмини устувории онҳо» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар конфронси мазкур намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, ноҳияҳои пойтахт, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, осорхонаҳо, боғу гулгаштҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, коршиносони соҳа ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод доир ба имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе, муаррифии онҳо ва ташкили хатсайрҳои дохилишаҳрӣ ибрози назар намуданд.
Гуфта шуд, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд. Дар ин давра бо мақсади ободу зебо намудани иншооти истироҳатию фароғатӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонони пойтахт бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ якчанд тадбирҳои нав рӯи кор омаданд. Аз ҷумла, дар пойтахт 5 боғи нав – боғҳои фарҳангию фароғатии «Алишер Навоӣ», «Куруши Кабир», «Ҷавонон», «Аҳмади Дониш» ва «Восеъ» сохта шуда, 6 боғ – боғҳои фарҳангию фароғатии «С.Айнӣ», «Кӯли Ҷавонон», «Абулқосим Фирдавсӣ», «Хайём», «Кӯдакон» ва «А.Мироненко» пурра навсозӣ гардиданд, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Таъкид гардид, ки имрӯз Душанбе на танҳо маркази маъмуриву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии мамлакат гардидааст, балки ба шаҳри воқеии сайёҳиву фароғат табдил ёфтааст.
Дар идомаи конфронс аз ҷониби мутахассисон ва муҳаққиқону коршиносон маърӯзаҳои илмӣ шунида шуд.
Баён шуд, ки раванди сиёсати ободкорӣ, созандагиҳо ва бунёдкориҳои бемислу нотакрор гардиш ва таҳавуллоти сарнавиштсозро дар масири шаҳрсозиву шаҳрдорӣ ба амал оварда, дар ин замина низоми густурда ва муҳити мусоиди рушди сайёҳии пойтахт ба вуҷуд омадааст.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки имкониятҳои хизматрасонӣ дар соҳа густариш ёфта, инфрасохтори мухталифи хизматрасонӣ бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардидааст, ки ҳамарӯза талаботи ҳазорҳо сайёҳони дохилию хориҷиро қонеъ менамоянд.
Дар фарҷоми конфронс иштирокдорон оид ба мавзуи мавриди назар ибрози андеша намуда, таклифҳо доир ба таҳияи хатсайрҳои сайёҳӣ ва таъмини устувории онҳо дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе пешниҳод карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд






