Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст

Июль 22, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 22.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 22-24 июл дар ҳавзаи дарёи Панҷ хавфи баландшавии сатҳи об боқӣ монда, дар минтақаҳои алоҳидаи ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо гузариш ба шарқ бо шиддати 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят ҳаво 5+10 дараҷа ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти сусти борон ба амал ояд.  Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9  ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа, рӯзона 35+40 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 18+23 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо гузарш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26, рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш пешӯӣ шуда, шамол аз самти ҷанубу ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 23+25 дараҷа ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.

Июль 22, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард