Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел аз эҳтимол дур нест
ДУШАНБЕ, 18.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Дар минтақаҳои алоҳидаи ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо шиддати 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят ҳаво 5+10 дараҷа ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа, рӯзона 35+40 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 18+23 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24, рӯзона 36+41 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 14+19 дараҷа ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 20+22 дараҷа ва рӯзона 39+41 дараҷа гарм мешавад.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад






