Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе шаҳри Исфара, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Хуросон Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир менамоянд

Июль 16, 2023 08:41

ДУШАНБЕ, 16.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 1 июл дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардида истодааст.

Имрӯз, 16 июл  намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Исфара дар Боғи Ирам, намоиши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Кӯли ҷавонон» ва намоиши ноҳияи Хуросон дар Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» баргузор мегардад.

Вақти баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишварзӣ ва таомҳои миллӣ аз соати 08:00 то 11:00 ва намоиши ҳунарҳои мардумию барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 муқаррар карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор,  Ваҳдат, Шаҳритус, Конибодом, Қубодиён, Турсунзода, Ҷайҳун, Ҷаббор Расулов,  Спитамен, Шаҳринав, Панҷ ва дигар шаҳру ноҳияҳо намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғҳои пойтахти мамлакат  баргузор намуданд.

Бояд гуфт, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе то 3 сентябр идома меёбад.

АКС аз бойгонӣ

Июль 16, 2023 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд