Имрӯз дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба маблағгузории иқлимӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 03.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии инвеститсионӣ доир ба татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон оид ба коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаӣ ва семинари минтақавӣ доир ба маблағгузории иқлимӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ оғоз ёфт.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар Форум Нақшаи молиявии татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон оид ба коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаӣ, ки бо кумаки техникии Бонки Осиёгии рушд таҳия гардидааст, муаррифӣ гардид.
Роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд оид ба имкониятҳои ҷалби сармоя дар татбиқи санади мазкур табодули назар намуданд.
Ҳамзамон дар семинари минтақавӣ оид ба маблағгузории иқлимӣ барои давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз масъалаҳои дастрасӣ ба маблағгузории иқлимӣ аз фондҳои махсуси иқлимӣ баррасӣ гардид. Тазаккур дода шуд, ки ҳадафи чорабинӣ баланд бардоштани малакаи намояндагони мақомотҳои соҳавии давлатҳои минтақа дар таҳияи лоиҳаҳо ҷиҳати ҷалби маблағ аз фондҳои махсуси иқлимӣ ва татбиқи онҳо мебошад.
Тавре муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдуқодир Мавлодод иброз дошт, баргузории Форуми байналмилалии инвеститсионӣ доир ба татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон оид ба коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаӣ ва семинари минтақавӣ доир ба маблағгузории иқлимӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ барои баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии ташаббусҳои глобалии роҳбарияти Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, инчунин ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба осебпазирии баланди ҷумҳурӣ ба паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва ҷалби бештари сармоягузорӣ барои мутобиқ гардонидани соҳаҳои калидии иқтисодиёти мамлакат ба тағйирёбии иқлим мусоидат менамояд.


Гуфта шуд, ки дар даҳсолаҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим дар сайёра эътироф гардидааст. Хусусан дар ду даҳсолаи охир ташаббусҳои Роҳбарияти Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, хусусан Созмони Миллали Муттаҳид ҷонибдорӣ гардидаанд. Ин аст, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ризоият қатъномаи пешниҳодкардаи Тоҷикистонро дар бораи эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 мартро Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо қабул намуд.
Тибқи ин қатънома, дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Хазинаи Байналмилалии Эътимоди ҳифзи пиряхҳо таъсис шуда, соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мешавад.
Форуми байналмилалии инвеститсионӣ доир ба татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон оид ба коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаӣ ва семинари минтақавӣ доир ба маблағгузории иқлимӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ то 7 июли соли равон дар Душанбе идома ёфта, иштирокдорони он масъалаҳои муҳими марбут ба омодакунии замина: банақшагирии сармоягузорӣ барои Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда, иқтидори банақшагирии сармоягузорӣ, муайянсозиии эҳтиёҷоти сармоягузорӣ ва афзалиятнокии онро баррасӣ намуда, тавсияҳо пешниҳод менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд






