Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Июль 24, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 24.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, то 24 июл дар ҳавзаи дарёи Панҷ хавфи баландшавии сатҳи об боқӣ мемонад. Инчунин дар минтақаҳои алоҳидаи ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо шиддати 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+20 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят ҳаво 5+10 дараҷа ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш  мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа, рӯзона 35+40 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27, рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 17+22 дараҷа ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 24+26 дараҷа ва рӯзона 38+40 дараҷа гарм мешавад.

 

 

Июль 24, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид