Имрӯз дар Тоҷикистон баландшавии нурҳои ултрабунафш дар назар аст

Июль 14, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 14.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз имрӯз, 14 июл баландшавии нишондиҳандаҳои нурҳои ултрабунафш (радиатсияи офтобӣ)  дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои марказӣ ва шимолии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешгӯӣ шуда, то  16 июл  идома меёбад. Аз соати 12-00 то 15-00 нурҳои ултрабунафш ба нишондиҳандаҳои баланд хоҳанд расид, ки ба саломатии инсон таъсири манфӣ  дорад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

        Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо шиддати 4-9 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят ҳаво 3+8 дараҷа ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 дараҷа, рӯзона 33+38 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳавои  камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо суръати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 25+30 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 20+25 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 5-10 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26, рӯзона 35+40 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш шуда, шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 4-9 дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии 12-17 метр дар як сония вазида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 23+25 дараҷа ва рӯзона 38+40 дараҷа гарм мешавад.

Июль 14, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд