Имрӯз дар Тоҷикистон рӯзона ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 26.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, ҳарорат рӯзона то ба 44 дараҷа мерасад. 28-29 июл дар бештари ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва баъзе ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ба ҷумҳурӣ чангбод ворид мешавад. иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар ғарби вилоят бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо шиддати 4-9 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+20 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят ҳаво 4+9 дараҷа ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа, рӯзона 37+42 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 39+44 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 20+25 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубори суст ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26, рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 14+19 дараҷа ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш шуда, шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубори суст ба амал меояд. Ҳаво шабона 23+25 дараҷа ва рӯзона 40+42 дараҷа гарм мешавад.








Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
«ФАРЗАНД — ИДОМАДИҲАНДАИ ОИЛА». Дар ноҳияи Данғара таҳти ин унвон иқдоми маърифатӣ гузаронида шуд
Ғолибони озмуни «Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат» дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ муайян гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
САВГАНДИ САДОҚАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН! Дар шаҳри Бӯстон маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид
КИРМАКПАРВАРӢ. Имсол ба ҷамоатҳои шаҳри Истаравшан 200 қуттӣ кирмак тақсим карда шуд
Барои муштариёни Суғду Хатлон – тарофаҳои дорои интернети бештар
Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Оила-рамзи муҳаббат, вафо ва ҳамдигарфаҳмӣ» ҳамоиш доир гардид
Ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА. Барномаи давлатии рушди оила дар Тоҷикистон ба таҳкими пояҳои оиладорӣ нигаронида шудааст






