Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, МД «Телевизиони Сафина» ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 26.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг соати 08:00 дар Вазорати фарҳанг гузаронида мешавад.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон соати 09:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (ошёнаи 3) нишасти матбуотӣ доир менамояд.
Нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радио соати 10:00 дар Кумитаи мазкур баргузор мегардад.
МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотиро соати 11:00 дар Телевизиони Сафина доир мегардад.
Нишасти матбуотии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» соати 11:00 дар корхонаи мазкур баргузор мешавад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, бояд вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа намоянд. Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳамарӯза дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.
Намояндагони воситаҳои ахбори омма метавонанд бо варақаи иттилоотӣ оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2023 дар сомонаҳои вазорату идораҳо шинос шаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






