Имсол дар Тоҷикистон суръати афзоиши саноат дар сатҳи 9,0 фоиз таъмин карда шуд
ДУШАНБЕ, 11.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар панҷ моҳи соли равон дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 16 миллиарду 656,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 155,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин суръати афзоиш бо назардошти нархҳои муқоисавӣ дар сатҳи 9,0 фоиз таъмин гардидааст. Дар инхусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии омори ҷумҳурӣ хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки саноати мамлакат омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ буда, ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳарсола ба тадриҷ зиёд гардида истодааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 15,1 миллиард сомонии соли 2016 то ба 43,0 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, ки суръати рушд 2,8 баробар зиёд гардид.
Ба иттилои сардори Раёсати омори саноат ва сармоягузорӣ дар сохтмони Агентии омор Фирдавс Асматбекзод, дар панҷ моҳи соли 2023 омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми саноати истихроҷ – 2,8 фоиз, саноати коркард – 12,8 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 13,1 фоиз ба амал омадааст.
«Амалишавии пайдарпайи чорабиниҳо оид ба рушди соҳаи саноат дар мамлакат ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатии минтақаҳои ҷумҳурӣ мусоидат менамояд, ки дар панҷ моҳи соли равон суръати рушди соҳаи саноат дар вилояти Суғд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,8 фоиз, вилояти Хатлон 112,4 фоиз ва шаҳри Душанбе 121,6 фоиз баланд гардида, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, ба 92,6 фоиз ва ВМКБ ба 89,6 фоиз баробар гардид»,-изҳор дошт Фирдавс Асматбекзод.
Ба иттилои манбаъ, дар давраи ҳисоботӣ 3174 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ — 301 адад, коркард — 2706 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво — 71 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо — 96 адад фаъолият намудаанд.
АКС аз бойгонӣ








«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид






