ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАР УЗБЕКИСТОН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз рафти баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ

Июль 10, 2023 11:13

ДУШАНБЕ, 10.07.2023 /АМИТ «Ховар» /. Дар Ҷумҳурии Узбекистон интихоботи президентӣ баргузор гардида, дар он шаҳрвандони ин мамлакат фаъолона иштирок намуданд.

Дар ҷараёни баргузории интихоботи президентӣ дар ин ҷумҳурӣ дар радифи беш аз 700 нозири байналмилалӣ 12 нозир аз Тоҷикистон низ ҳамчун мушоҳид иштирок намуданд. Ҳайати нозирони Тоҷикистон, ки онро раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Бахтиёр Худоёрзода роҳбарӣ менамояд, дар 4 қитъаи овоздиҳӣ дар шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд, аз ҷумла шаҳри Нурафзо рафти баргузории интихоботро мушоҳида намуд.

Инчунин ҷараёни баргузории интихоботи президентиро дар ин давлат беш аз 1200 намояндаи воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ва мустақили маҳаллӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ инъикос намуданд.

Натиҷаҳои интихобот имрӯз 10 июл муайн шуд.

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, 87,05% интихобкунандагон ба Шавкат Мирзиёев, номзад аз Ҳизби либералӣ — демократӣ ва Ҳизби демократии «Миллийтикланиш» («Эҳёи миллӣ) овоз доданд. Комиссияи марказии интихоботии Узбекистон ӯро президенти интихобшуда эълон намуд.

Робахон Маҳмудова аз Ҳизби сотсиал — демократии «Адолат» («Адолат») 4,43 % овозҳо, Улуғбек Иноятов аз Ҳизби халқии демократӣ 4,02 % овозҳо ва Абдушукур Ҳамзаев аз Ҳизби экологӣ 3,74% овозҳоро ба даст оварданд.

Дар зер суратгузориши АМИТ «Ховар»-ро аз рафти баргузории интихоботи президентӣ дар Узбекистон пешкаш менамоем.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 10, 2023 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад