ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Барои ташкилоту муассисаҳои соҳаи буҷетии вилояти Хатлон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд

Июль 22, 2023 13:00

ДУШАНБЕ, 22.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар ташкилоту муассисаҳои соҳаи буҷетии вилояти Хатлон силсила чорабиниҳои омӯзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати  вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ба роҳ монда шудааст.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар ҳамоише, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар Сарраёсати молияи вилоят баргузор гардид,  масъалаи ҷоннок намудани тадбирҳои судманд ҷиҳати вусъат бахшидани низоми нави ҳисоббаробаркуниҳо ва пардохтҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ баррасӣ гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарияти Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон, масъулину мутахассисони соҳаи бонкдорӣ, андоз ва коршиносону роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш сардори Сарраёсати молия дар  вилояти Хатлон Ҳабибулло Иззатуллозода иброз намуд, ки «дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи татбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» пеш аз ҳама, аз масъулиятшиносии кормандону мутахассисони соҳаи молия, андоз, бонку дигар бахшҳои иқтисодиёти вилоят вобастагии  калон дорад. Вобаста ба ин Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон ҷиҳати амалӣ гардидани ҳадафҳо дар ин самт як зумра тадбирҳои муҳим, аз ҷумла чорабиниҳои омӯзиширо ба роҳ мондааст, ки дар он доираи васеи намояндагони идораву ташкилотҳо иштирок  хоҳанд намуд».

Таъкид гардид, ки ҳадаф аз ташкилу баргузории чунин ҳамоишҳои омӯзишӣ дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардидани раванди хизматрасониҳои ғайринақдӣ дар ҳудуди вилоят арзёбӣ мегардад. Зеро гузаштан ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ба устувории асъори миллӣ мусоидат намуда, фаъолияти моро дар самти амалишавии тамоми намуди андозҳо ва ҷаҳонишавии иқтисоди мамлакат ҷоннок мегардонад.

Дар ҳамоиш инчунин мудири шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар оид ба моҳияти гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ  изҳори назар  намуда, иброз дошт, ки рушди низоми муосири пардохтҳои давлатӣ ва дигар амалиётҳои ғайринақдӣ талаботи замон буда, дар баробари осон гардонидани хизматрасониҳои пулӣ, инчунин, ба устувории асъори миллӣ, бартараф намудани тамбашавӣ дар назди банкоматҳо ва ҳалли дигар мушкилиҳо дар ин самт мусоидат менамояд.

Бояд таъкид намуд, ки гузариш ба низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ омили таъмини шаффофоият дар раванди ҳамагуна пардохтҳо арзёбӣ гардида, андозсупорандагон метавонанд ҳама гуна амалиётҳои бонкиро ба таври осон ва бе сарфи вақти зиёдатӣ анҷом диҳанд.

Дар фарҷоми ҳамоиш  роҳбарони ташкилоту муассисаҳо оид ба масъалаҳои гуногуни амалигардии иқдоми мазкур ба мутахассисону коршиносони соҳаи бонкдорӣ суолҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» 22 июни соли  равон ба тасвиб расид.

АКС: Шуъбаи иттилоотии Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон

                              

Июль 22, 2023 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст