ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Соли 2023 кишоварзони Мастчоҳ ба маблағи зиёда аз 286 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд

Июль 23, 2023 15:31

ДУШАНБЕ, 23.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи 286 миллиону 299 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд.

Кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина таъмини амнияти озуқаворӣ фаъолияти пурсамар ба роҳ мондаанд. Дар бахши хоҷагиҳои деҳқониву ҷамъиятии ноҳия барои ҳосили соли 2023 дар майдони 22 ҳазору 897 гектар кишту парвариши дигар зироати кишоварзӣ  низ ба роҳ монда шудааст, ки аз он 2408,3 гектарашро ғалладонагиҳо, 11 ҳазору 456 гектар пахта, 2456 гектар зироати равғандор, 184 гектар сабзавот, 2783 гектар полезӣ ва 3286 гектарашро зироати хӯроки чорво ташкил медиҳад.

Гуфта шуд, ки иқлими ноҳия барои парвариши картошка хеле мусоид буда, саҳми кишоварзони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар таъмини амнияти озуқаворӣ, махсусан таъмини бозори истеъмолӣ бо картошка назаррас мебошад.

Ҳамин аст, ки танҳо дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқониву ҷамъиятӣ 140 гектар картошка кишт карда шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 23, 2023 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид