КӮДАКИ БОЛАЁҚАТ БА ОМӮЗГОРИ БОЛАЁҚАТ НИЁЗ ДОРАД! Роҳбарони муассисаҳои шаҳри Душанбе малакаи кории худро баланд мебардоранд

Июль 20, 2023 11:40

ДУШАНБЕ, 20.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи даври  «Менеҷменти роҳбарӣ», ки тибқи нақшаи тақвимии даврҳои такмили ихтисос ва машваратҳои махсуси филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, вобаста ба мавзуи лаёқатмандии хонадагон машғулияти таълимӣ баргузор гардид.

Машғулияти мазкур бо мақсади омода намудани кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф аз ҳисоби кормандони фаъоли соҳа, махсусан занон ва ҷавонони болаёқат ва таъмини ҳайати захираи кадрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир мегардад.

Дар машғулият роҳбари Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ба иштирокчиён роҳу усулҳои муосири дарёфт, дастгирӣ ва рушди хонандагони болаёқатро тавзеҳ дода, ғолибияти хонандагон дар озмунҳои сатҳи шаҳр, ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ, инчунин дар миқёси ҷумҳурӣ аз рӯи натиҷаҳои олимпиадаҳои фаннӣ ҷойи аввал касб карданро ҳамчун натиҷаи татбиқи методологияи мукаммали кор бо хонандагони болаёқат шарҳ дод.

Дар интиҳои машғулият иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни масъала, аз ҷумла нуктаҳои ташхиси лаёқатмандӣ ва самтҳои он ва тартиб додани барномаҳои инфиродӣ барои самт ва сатҳҳои гуногуни лаёқатҳо саволҳои худро манзур намуда, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

 

Июль 20, 2023 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд