Кишоварзони ноҳияи Лахш дар 5392 гектар картошка кишт намудаанд
ЛАХШ, 31.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш бунёди 124 иншооти дорои аҳамияти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 30 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Дар 94 иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ муташаккилона идома дошта, то рӯзи ин ҷашни таърихӣ ба истифода дода мешаванд. Ин матлабро Раиси ноҳияи Лахш Каромиддин Холзода 29 июл зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Тавре дар нишасти матбуотии ноҳия иброз шуд, картошкапарварони ноҳия соли 2023 дар майдони умумии 5392 гектар картошка кишт намудаанд, ки 3203 гектари он ба заминҳои сохтори кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ ва боқимонда ба заминҳои президентӣ ба заминҳои наздиҳавлигӣ рост меояд. Ҳамчунин дар ин муддат дар майдони умумии 1339 гектар зироати ғалладонагӣ ва дар 214 гектар сабзавот кишт шудааст.
Дар шаш моҳи соли равон баҳри таъмини амнияти озуқавории сокинони ноҳия аз ҷониби мутахассисони Маркази ташхиси бехатарии озуқавории ноҳияи Лахш ба миқдори 63 кг гӯшт, 25 литр шир, 198 дона тухм ва 205 кг меваю сабзавот ҳамчун маҳсулоти бесифат ва муҳлати истифодаашон гузашта аз муомилот гирифта шуданд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






