КИШТИ ТАКРОРӢ- АСОСИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар шаҳри Кӯлоб истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба 332,9 млн сомонӣ расонида шуд

Июль 27, 2023 09:22

ДУШАНБЕ, 27.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 25 июл муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла иҷрои кишти зироати такрорӣ, нашъунамою обёрии заминҳои  пахта, вазъи нуқтаҳои барқии таъминоти оби полезӣ ва амнияти озуқаворӣ шинос шуд.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2023 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба 332,9 млн сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,4 млн сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 106,9 фоизро ташкил дод.

Кишоварзони шаҳри Кӯлоб дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 10 ҳазору 646 гектар кишти асосии зироати кишоварзӣ гузарониданд.

Мувофиқи ҳисобот, ба ҳолати 1 июл ҳамагӣ 2595 гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки ба 88 фоизи нақша баробар аст. Кишти зироат дар шаҳр идома дорад.

Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ чорвои калони шохдор, модагов, саршумори моли майда, паранда ва асп нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардида, истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ, аз ҷумла гӯшт, шир, моҳӣ ва пашм низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфт.

Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб картошка, сабзавот, зироати хӯроки чорво ва меваҷот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд истеҳсол гардидааст.

Таъкид шуд, ки кишти такрорӣ асоси амнияти озуқаворӣ маҳсуб шуда, барои арзон шудани бозори истеъмолӣ бояд заминҳоро самаранок истифода бурда, аз як замин чанд ҳосил рӯёнем.

Баъди шиносоӣ бо вазъияти соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ баҳри мусоидат ба ҳали  мушкилоти соҳа дастуру супоришҳо дода шуд.

АКС: «Навиди Кӯлоб»

 

Июль 27, 2023 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»