Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд

Июль 14, 2023 13:34

ДУШАНБЕ, 14.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон давоми шаш моҳи соли равон ба маблағи 2 миллиарду 363,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои амалкунанда 94,8 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар доданд.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 89 намуди аслӣ ба роҳ монда шуда, вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 19,8 фоизро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати амалисозии стратегияи чорум– саноатикунонии босуръати мамлакат соли равон сохтмони 5 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шуда, дар ин давра 3 корхона ба истифода дода шуд. Инҳо коргоҳи истеҳсоли қолинҳои рӯифаршии тафтингии нақшзада дар ширкати «Қолинҳои Қайроққум», корхонаи парандапарварии «Мурғи бебаҳо» ва фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ганҷи Сомон» мебошанд, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар ду корхонаи дигар- ҶДММ «Мурғи зарин» ва корхонаи истеҳсоли рангҳои сохтмонии ҶДММ «Тиглот» корҳои сохтмонӣ идома доранд. ҶДММ «Мурғи зарин» бо харҷи 2 миллион сомонӣ бо фарогирии 5 ҷойи корӣ ва ҶДММ «Тиглот» бо харҷи 5,5 миллион сомонӣ бо фарогирии 25 ҷойи кор аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ сохта шуда истодаанд.

Инчунин соли равон берун аз нақша 2 корхонаи саноатӣ- ҶДММ «Гулистон мебел» бо 3 ҷойи кор ва ҶДММ «Ойинаи соф» бо 4 ҷойи кор ба фаъолият оғоз намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июль 14, 2023 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард