Корхонаи коркарди санги шаҳри Хоруғ дар як моҳ то ҳазор метри мураббаъ маҳсулот истеҳсол менамояд

Июль 27, 2023 08:45

ХОРУҒ, 27.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар корхонаи коркарди санги Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Помир-стоун»-и  шаҳри Хоруғ  10 нафар аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ кор карда,  дар як моҳ то ҳазор метри мураббаъ маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Ин корхона фаъолияташро бо истифода аз техникаи кӯҳнаву фарсуда  оғоз намуд ва батадриҷ ба техникаву механизмҳои муосир  муҷаҳҳаз гардонда шуд. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан иттилоъ додааст.

Дар муддати нисбатан кӯтоҳ  корхона бо истифода аз ин технологияи пешрафта дар бозори маҳаллӣ харидорони зиёд пайдо намуд. Аз сангҳои ин корхона асосан дар соҳаи сохтмон- ороиши биноҳои маъмурию хонаҳои истиқоматӣ ва роҳҳои пиёдагарди шаҳр истифода мебаранд.

Мутахассисони корхонаи мазкур изҳор доштанд, ки бо дастрас намудани асбоби дорои алмоси сунъии пармакунандаву суфтакунӣ имкони тавлиди маҳсулоти ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мутобиқро низ пайдо намуданд. Ҳарчанд ки дар ҳудуди Бадахшон  захираи кофии санг мавҷуд аст, аммо на аз ҳамаи намудҳои сангҳо истифода бурдан мумкин аст. Зеро бештари сангҳо дар таркиби худ оҳан ва дигар намуди фулузот доранд ва аз ин рӯ  буридан, суфта кардану оро доданашон ғайриимкон мебошад. Бо тавсияи геологҳо мутахассисони корхона ҳоло маконеро дар ноҳияи Шуғнон интихоб намудаанд, ки захираи он барои даҳсолаҳо кофӣ мебошад.

Ҳоло корхона барои сангфаршкунии  саҳни бинои  хонаи истиқоматии 12-ошёна  дар шаҳри Хоруғ ва роҳҳои пиёдагарди ду тарафи роҳи  хиёбони марказии шаҳр маҳсулот истеҳсол мекунад. Бартарии роҳи сангфарш аз сафолакҳои сементӣ дар он аст, ки на  аз барфу борон, на офтоби сӯзон ва на аз дигар намуди офатҳои табиию техногенӣ осебе намебинад ва бе ягон таъмиру таҷдид садсолаҳо шакли худро нигоҳ медорад.

Ёдовар мешавем, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дорои  манбаи  бузурги  масолеҳи сохтмонӣ бо шумули  сангҳои  гуногуни ороишию бинокорӣ мебошад. Истифодаи сангҳо дар вилоят асосан аз даҳаи дуюми соли 2000-ум оғоз гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 27, 2023 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст