Коршиносони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил лоиҳаи нақшаи машваратҳои бисёрсатҳа байни вазоратҳои корҳои хориҷиро барои соли 2024 мувофиқа намуданд

Июль 28, 2023 11:23

ДУШАНБЕ, 28.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Минск ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба мувофиқаи лоиҳаи нақшаи машваратҳои бисёрсатҳа байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) барои соли 2024 доир гардид. Ҷаласа дар қароргоҳи ИДМ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ медиҳад.

Баъди баррасӣ намудани таклифҳое, ки аз давлатҳо оид ба лоиҳаи нақша ворид гардида буданд, коршиносон ба ин ҳуҷҷат розигӣ доданд. Қарор дода шуд, ки он бо тартиби муқарраршуда ба муҳокимаи Шурои вазирони корҳои хориҷии ИДМ пешниҳод шавад. Дар ҷаласа намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбекистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ  «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Июль 28, 2023 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад