«Корвони китоб» 142 китобхонаҳои минтақаи Кӯлобро бо асарҳои тозанашр таъмин менамояд

Июль 5, 2023 18:34

ДУШАНБЕ, 05.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 7 июли соли равон сафари «Корвони китоб» дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб идома  меёбад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин иқдом бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва расонидани кумак ҷиҳати мукаммалгардонии захираҳои китобхонаҳо бо китобҳои тозанашр дар доираи баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии  «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм фурӯғи маърифат» ва  «Тоҷикон дар оинаи таърих» роҳандозӣ гардидааст.

Сафари «Корвони китоб» тавассути Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанг амалӣ гардида, дар маҷмӯъ 48 номгӯи  китоб, наздики 3 000 нусха ба 142 китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, аз ҷумла ба ноҳияҳои Данғара, Ҳамадонӣ, Фархор, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб ройгон супорида мешаванд.

Ба китобхонаҳои минтақаи Кӯлоб китобҳои тозанашри адибони классику муосир,  аз қабили китобҳои бадеӣ, соҳавӣ, донишномаҳо ва адабиёти бачагона тақдим мегарданд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 5, 2023 18:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад