Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мардум суҳбату вохӯриҳо доир менамояд

Июль 11, 2023 13:21

ДУШАНБЕ, 11.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи занону духтарони фаъол аз корвони «Модарони ваҳдатсаро», ки айни замон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд қарор дорад, ба ноҳияи Айнӣ омаданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистон .

Ташкили корвони «Модарони ваҳдатсаро» аз ҷумлаи иқдомҳои наҷиби таҳкимбахшандаи ваҳдату субот арзёбӣ гардид.

Гуфта шуд, ки модарон ҳамеша хостор ва посбони сулҳу ваҳдат буда, даъвати онҳо аз фарзандон ба оромиву осудагӣ ва дӯст доштани Ватану хизмати содиқонаву самимона кардан ба он ҳатман натиҷаи хуб ба бор меорад.

Баъди пазироии самимӣ мулоқоти роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оила бо фаъолони ноҳия баргузор гардид.

Ҳамзамон як гурӯҳи кории корвони мазкур дар ҳайати 10 нафар ба ноҳияи Ашт сафар намуданд.

Ёдовар мешавем, ки иқдоми корвони «Модарони ваҳдатсаро» бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, аз 10 то 15 июли соли равон дар ҷамоатҳо, қисмҳои низомӣ, бо сокинони деҳоти вилояти Суғд оид ба тарғиби дастоварҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷамъии мардум суҳбату вохӯриҳо доир мекунанд. Инчунин онҳо аз мавзеъҳои таърихиву –фарҳангии вилоят дидан менамоянд.

Хотиррасон мешавем, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан низ корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба манотиқи дигари мамлакат сафар кардааст.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 11, 2023 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид