МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРИИ ҒАНИГАРДОНИДАШУДА. Дар Душанбе доир ба татбиқи ин қонун ҳамоиш доир шуд

Июль 13, 2023 10:14

ДУШАНБЕ, 13.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» дар мавзӯи «Пешбурди ғанигардонии орди гандум ва ташкил намудани «Фонди миллии гардиш» (премиксҳо) мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта шуд, ки масъалаи норасоии микронутриентҳоро тавассути мудохила ва бо иловаҳо ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ дар муддати муайян аз байн бурдан мумкин буда, бо ин роҳ солимии аҳолии ҷумҳуриро дар якҷоягӣ таъмин хоҳем кард.

Тазаккур дода шуд, ки дар ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз ҷумла дар банди 26-и «Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” ва банди 37-и «Нақшаи бисёрсоҳавии беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» имконияти таъсис додани «Фонди миллии гардиш (премиксҳо)» фароҳам оварда шудааст. Яъне, аз қабули ин ҳуҷҷатҳо хулоса кардан мумкин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдории сиёсии худро барои ҳифзи солимии аҳолӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ иброз намудааст.

Дар идома як қатор иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни мавзуи мазкур баромад намуданд.

Дар охир изҳори умедворӣ карда шуд, ки натиҷаи баргузории ҷаласаи мизи мудаввари имрӯза, ҷамъоварии фикру ақидаҳо ва хулосаҳои мусбии намояндагони вазорату идораҳо, инчунин ташкилотҳои байналмилалии шарикон оид ба рушд ва ширкату корхонаҳои истеҳсолии даъватгардида барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ, аз ҷумла ҷалби маблағгузориҳои зарурӣ ва таъмини шароити иқтисодию техникӣ баҳри таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории аввалияи ғанигардонидашуда мусоидат хоҳад кард.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 13, 2023 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад