«МАКТАБИ МАҲОРАТИ ПЕДАГОГӢ». Мутахассисони роҳбарикунандаи соҳаи маориф омода карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 16.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо мақсади омода намудани кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф аз ҳисоби кормандони фаъоли соҳа, махсусан занон ва ҷавонони болаёқат ва таъмини ҳайати захираи кадрӣ дар самти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар заминаи «Мактаби маҳорати педагогӣ» даври омӯзишии «Менеҷменти роҳбарӣ» ба роҳ монда шуд. Даври омӯзишӣ 3 июл оғоз гардида, то 22 июл идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Давоми 18 рӯз барои шунавандагон олимону мутахассисон ва коршиносони варзидаи соҳаи маориф, педагогикаву психологияи касбӣ ва менеҷменти молиявӣ дар доираи 108 соати таълимӣ машғулияти омӯзишӣ мегузаронанд.
Дар фарҷоми давр ба хатмкунандагон шаҳодатномаи хатми даври такмили ихтисос супорида мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки курси омӯзишӣ ба тариқи онлайн тавассути барномаи Google Meet пахш мегардад.
АКС: Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»








Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид






