Масъулони «Амонатбонк» афзалияти гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдиро ба кормандони мақомоти гумрук ва «Барқи Тоҷик» тавзеҳ доданд
ДУШАНБЕ, 22.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе масъулини Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Барқи Тоҷик» вобаста ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад. Дар вохӯрӣ таъкид шуд, ки тибқи ин Фармон аз 1 августи соли равон пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, хизматрасонии коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад.
Аз ҷониби мутахассисони «Амонтабонк» вобаста ба афзалияти гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ, тарзу услуби анҷом додани амалиёт тариқи корт ва ҳамёнҳои электронӣ маълумоти зарурӣ пешниҳод карда шуд.
Махсусан тарзу услуби анҷом додани пардохтҳои гумрукӣ ва неруи барқ тавассути барномаи мобилии «Амонат-мобайл» тариқи рӯнамо намоиш дода шуд.
АКС: «Амонатбонк»









ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд






