МАЪЮБОН ДАР ПАНОҲИ ДАВЛАТ. Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд

Июль 8, 2023 15:29

ДУШАНБЕ, 08.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии  «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» ва дастгирии ташкилотҳои хориҷии Suomi Finland,  Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбони Тоҷикистон ва 5- солагии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидани Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид  оид ба ҳуқуқҳои маъюбон дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат хабар доданд.

Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иброз доштанд, ки масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба хусус маъюбон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ба шумор рафта, таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ҷиҳати дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тадбирҳои судманд ва созанда андешида мешаванд.

Мутобиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011, ҳамасола дар ҷумҳурии мо 8 июл ҳамчун Рӯзи маъюбон ва пиронсолон  таҷлил карда мешавад. Мақсад аз эълон доштани ин рӯз ва ба таври анъанавӣ қайд кардани он,  пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷамъият, ташкилоту идораҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаҳои маъюбӣ буда, барои таъмини кафолатҳои иҷтимоии шахсони маъюб ва шароити арзандаи зиндагӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки  асосҳои  меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони дорои маъюбият тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи собиқадорон», ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, инчунин ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат ба монанди «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Консепсияи рушди хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва як қатор барномаҳои давлатию соҳавӣ амалӣ карда мешаванд.

Гуфта шуд, ки дар баробари ин, Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро эътироф намуда, ба чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ арҷгузорӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони маъюбиятдошта тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Чунончи, 22 марти соли 2018 аз чониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конвенсияи Созмони Миллали Мутатаҳид  оид ба хуқуқҳои маъюбон ба имзо расонида шуд, ки имсол аз ин санаи таърихӣ 5 сол сипарӣ гардидааст. Ҷиҳати омӯзиши масъалаи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст. Ҳамзамон, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шўрои миллии ҳамоҳангсозии масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амал мекунад.

Иштирокчиён нишаст изҳор доштанд, ки тадбирҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба таъминоти иҷтимоӣ, расонидани кӯмак ва пешниҳоди имтиёзҳои гуногун, балки ба ҳамгироии одамони маъюб ба ҷомеа нигаронида шудаанд, ки дар ин самт нақши иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ва шарикони рушди Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карда мешавад.

«Шахсони дорои маъюбият дар ҷумҳурии мо аз тамоми ҳуқуқу кафолатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию маданӣ, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд, бархўрдоранд. Табъизи (дискриминатсияи) ҳуқуқи маъюбон манъ буда, мувофиқи қонун муҷиби ҷавобгарӣ мебошад», -гуфта шуд дар ҳамоиш.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 8, 2023 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад