МегаФон Тоҷикистон: Холҳои барномаи «Раҳмат»-ро дар «МегаФон Life» иваз намоед!
ДУШАНБЕ, 10.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Холҳои барномаи «Раҳмат»-ро бо мукофот дар замимаи мобилии «МегаФон Life» иваз карда метавонед. Ин нисбат ба дархотиргирӣ ва рақамчинии дастии дархостҳои рақамӣ қулайтару осонтар аст. USSD-дархостҳои қаблӣ барои фаъолкунии мукофотҳо – *0505 ва *505# – танҳо барои соҳибони телефонҳои тугмачадор дастрас боқӣ мемонанд. Барои смартфонҳо онҳо қатъ карда мешаванд.
Холҳои барномаи «Раҳмат» барои харид дар мағозаҳо, анҷомдиҳии амалиёти пардохтӣ тариқи «Ҳамён»-и замимаи «МегаФон Life», инчунин барои истифодаи хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ, пешниҳод мегарданд. Бар ивази ҳар 5 сомонии барои алоқа сарфкардашуда, ба муштарии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» 1 хол пешниҳод мегардад.
Холҳоро ба мегабайтҳои интернет, дақиқаҳо, SMS ва дигар хизматрасониҳои алоқа иваз кардан мумкин аст. Масалан, 50 дақиқаи зангҳо ба Русия ҳамагӣ 60 хол арзиш доранд. 45 холро ба 10 дақиқаи суҳбат бо АМА иваз карда, бо наздикон гуфтугӯ карда метавонед.
Дар байни муштариён ивазкунии холҳо ба мегабайтҳои интернет хеле маъмул аст. Масалан, 120 холи дар доираи барномаи «Раҳмат» гирифташударо 500 Мб, 380 холро – ба 2 000 Мб иваз карда метавонем. Бо 300 хол дастрасии бемаҳдуд ба YouTube ба муҳлати 7 рӯз пешниҳод мегардад. Муҳим он аст, ки бастаҳои трафики интернетро на танҳо барои худ, балки ба рақами дигар муштариёни ширкат низ пайваст кардан мумкин аст.
Барои фаъолкунии мукофот бояд замимаи «МегаФон Life»-ро кушода, дар саҳифаи асосӣ қисми «Холҳо»-ро пахш намоем. Баъдан мукофоти лозимӣ барои ивазкунии холҳои муштарӣ интихоб гардида, сатри «Пайваст карда шавад» пахш мегардад.
Холҳои барномаи «Раҳмат»-ро тавассути «МегаФон Life» иваз намоед!
АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






