МЕХАНИЗМИ ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Аз 1 август маблағи китобҳои дарсӣ дар мактабҳои Душанбе ба таври ғайринақдӣ пардохт мешавад
ДУШАНБЕ, 19.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 1 август дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе пардохти маблағи китобҳои дарсӣ аз тарафи падару модарон ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи Мирзо хабар дод.
Мавсуф иброз дошт, ки иқдоми мазкур дар асоси иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018 «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» амалӣ мешавад.
«Дар ин самт аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои саривақтӣ андешида, корҳои зарурӣ ба роҳ монда шудаанд»,-илова намуд ӯ.
Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдом дар самти рушди илму маориф- баланд бардоштани сатҳи донишу маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи мутахассисони ба талаботи замона ҷавобгӯ мебошад.
Дар доираи татбиқ ва иҷрои пардохти ғайринақдии тамоми хизматрасонии пулакии соҳаи маориф Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»», Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)», Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшиди Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Имон Интернешнл», Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшиди «Бонки Байналмилалии Тоҷикистон», Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшиди ТАКҲ «Ҳумо», Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшиди «Душанбе сити Бонк», Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшиди «Бонки Эсхата» ва Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшиди «Тавҳидбонк» замимаву барномаҳои худро пешниҳод намудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» 22 июни соли равон ба тасвиб расид.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд






