«Модарони ваҳдатсаро» бо фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстон шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 15.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» гурӯҳе аз фаъолзанон бо корхонаи заргарии «Зари Суғд», коргоҳҳои дӯзандагӣ ва қолинбофии Корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон» дар шаҳри Бӯстон шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.
Модарони ваҳдатсаро бо шароити кори занони ҳунарманди шаҳри Бӯстон аз наздик шинос шуда, иброз доштанд, ки масъалаи дастгирии давлатии бонувон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, пайваста баҳри бо ҷойи кор ва музди арзандаи маош таъмин гардидани занон иқдомҳои шоиста ба роҳ монда мешаванд.
Занони шаҳри Бӯстон аз муҳайё гардидани чунин имконияти шоиста, ки ба беҳтар гардидани вазъи иқтисодии ҳар оила мусоидат менамояд, изҳори сипос намуданд.
Ёдовар мешавем, ки иқдоми Корвони «Модарони ваҳдатсаро» бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими пойдории сулҳу ваҳдат, дӯстиву рафоқати сокинони тамоми минтақаҳои мамлакат ба роҳ монда шуда, сафари занони фаъол ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Дар робита ба ин корвони мазкур аз 10 июл ба шаҳру деҳоти вилояти Суғд сафар карда, дар ҷамоатҳо, қисмҳои низомӣ бо сокинони вилоят оид ба тарғиби дастоварҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷамъии мардум суҳбату вохӯриҳо намуд. Инчунин онҳо бо мавзеъҳои таърихиву фарҳангии ин минтақа шинос шуданд.
Сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» имрӯз, 15 июл дар вилояти Суғд ба анҷом мерасад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






