Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» омодаи ҳамкорӣ бо рӯзноманигорону блогерони соҳибистеъдод аст
ДУШАНБЕ, 26.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» омода аст, ки ҳамеша бо рӯзноманигорону блогерони соҳибистеъдод, ки малакаи баланди касбӣ, чеҳраи зебо ва нутқи бурро дошта, соҳибистеъдод мебошанд, ҳамкорӣ намояд. Ин нуктаро 26 июл зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Карими Азиз иброз намуд.
«Барои дар сатҳи баланд қарор додани барномаҳои телевизион мо ҳамеша омодаем, ки бо рӯзноманигорони соҳибистеъдод, ки лоиҳаҳои беҳтарин пешниҳод мекунанд, ҳамкорӣ намоем», -иброз дошт ӯ.
Зимни нишасти матботӣ иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи якум теъдоди барномаҳои доимии муассиса ба 54 адад расид, ки 5 — тои он лоиҳаҳои нав мебошанд.
Ҳамзамон дар нимсола 1332 барнома таҳия ва тариқи эфир пахш гардида, аз 3174 соати эфир 1010 соати онро барномаҳои асл ташкил дод.
Дар тӯли шаш моҳи аввали соли равон Идораи таҳия ва дубляжи филмҳо 30 филми бадеиро дар ҳаҷми зиёда аз 2940 дақиқа ё зиёда аз 49 соат дар мавзуъҳои гуногун тарҷума ва дубляж карда, пешниҳоди бинандагон гардонид.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






