Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева эътимоднома супорид

Июль 20, 2023 18:00

ДУШАНБЕ, 20.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 20 июл Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода ба Мудири кулли шуъбаи СММ дар Женева хонум Татяна Валовая эътимоднома супорид. Дар ин хусус ба  АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ, ба хусус ҳалли мушкилоти обӣ ва тағйирёбии иқлим, Ҳадафҳои Рушди Устувор ва хатару чолишҳои замони муосир мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 20, 2023 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд