Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи техникии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар шаҳри Вена иштирок дорад

Июль 5, 2023 16:56

ДУШАНБЕ, 05.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 июл дар шаҳри Венаи Австрия аз ҷониби Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) ҷаласаи техникӣ оид ба системаҳои мониторинг ва назорати рақамии реакторҳои тадқиқотӣ ба кор оғоз намуд. Дар ҷаласаи мазкур олимону мутахассисони ҷавони мамлакатҳои узви Агентии байналмилалии неруи атомӣ, аз ҷумла намояндаи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок дорад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Институти физикаю техника хабар доданд, ҷаласа то 6 июл идома ёфта, мақсади он пеш аз ҳама баланд баровардани сатҳи маҳорати иштирокчиёни ҷавони чорабинӣ дар соҳаи рақамикунонии системаҳои назорат ва идоракунии технологияҳои реакторӣ, инчунин табодули таҷриба оид ба ҷанбаҳои техникӣ ва идоракунии тадқиқот, лоиҳаҳои реакторҳо (ҳам бо модернизатсия ва ҳам тарҳрезӣ ва сохтмони иншооти дахлдор), ки ба системаҳои рақамӣ ва идоракунӣ алоқаманданд, мебошад.

Директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров Фарҳод Шокир иброз дошт, ки «дар муҳити рақобати имрӯза рақамисозӣ барои дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани равандҳои илмӣ-истеҳсолӣ муҳим шудааст. Ин ба ташкилотҳо, аз ҷумла ба институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ имкон медиҳад, ки ба шароити зудтағйирёбанда ва эҳтиёҷоти истеҳсолот мутобиқ шаванд, равандҳои худро барои баланд бардоштани самаранокӣ ва ҳосилнокии меҳнат мутобиқ намоянд».

Бояд гуфт, ки дар институти мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳо марҳила ба марҳила корҳои барқарорсозии реактори таҳқиқотӣ бо мақсади истеҳсоли маводи радиофарматсевтӣ барои ташхиси бемориҳои онкологӣ, инчунин гузаронидани таҳқиқот ва кори таҷрибавӣ оид ба таҳлили нейтронӣ-активатсионӣ идома доранд.

Дар баробари ин, якҷо бо ҳалли техникӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси ҷавони илмии ватанӣ дар соҳаи физикаи ядроӣ низ яке аз масъалаҳои мубрам мебошад. Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии раванди омода намудани кадрҳо ва такмили ихтисоси физикони ҷавон мунтазам тадбирҳо меандешад.

Бояд гуфт, ки Агентии байналмилалии нуруи атомӣ созмони байналмиллалӣ буда, тибқи қарори Созмони Миллали Муттаҳид аз 4 декабри соли 1954 таъсис ёфта, ҷузъи низоми ин Созмон буда, салоҳияти рушди ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи осоиштаи энергияи атомиро амалӣ менамояд.

Бо ин мақсад дар агентӣ мунтазам вохӯриҳои техникӣ, конфронсҳо ва машваратҳои илмӣ бо иштироки мутахассисони ҷавони даъватшуда аз давлатҳои узви Агентии мазкур гузаронида мешавад.

АКС: Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июль 5, 2023 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид