НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои вориднамоии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО тадбирҳо андешида мешаванд
ДУШАНБЕ, 26.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳифз ва истифодаи мероси таърихиву фарҳангӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Корҳо дар самти вориднамоии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО беҳтар шудаанд. Дар ин хусус имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ доданд.
Иброз гардид, ки аз ҷумла дар самти ёдгориҳои таърихию фарҳангии долонҳои “Зарафшон-Қароқум”, “Фарғона-Сирдарё” ва “Ҳулбук – Хутталӣ Қадим” корҳои номинатсионӣ идома доранд.
Мувофиқи нақшаи пешбинишуда ва натиҷаҳои то имрӯз ба даст омада, 9 ёдгории таърихию фарҳангии долони “Зарафшон-Қароқум” моҳи сентябри имсол ба Рӯйхати асосии мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО зимни Иҷлосияи навбатии ЮНЕСКО дар Арабистони Саудӣ шомил мешаванд.
Инчунин то охири соли 2023 корҳои номинатсионии долони “Фарғона-Сирдарё” пурра ба анҷом расонида шуда, барои шомил намудани ёдгориҳои долони мазкур ба Рӯйхати пешакии мероси фарҳанги умумибашарӣ ирсол мегарданд.
Ҳамзамон корҳо оид ба пешбурди номинатсияи “Ҳулбук-Хуттали қадим” аз ҷониби мутахассисони вазорат бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






