НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кумитаи телевизион ва радио барои беҳтар кардани пахши рақамӣ дар вилоятҳои Суғду Бадахшон 12 манора насб мекунад
ДУШАНБЕ, 26.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар гардидани пахши рақамии барномаҳо дар вилоятҳои Суғду Бадахшон 12 манора бо баландии аз 12 то 18 метр насб менамояд. Чунин иттилоъ дод, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумита Нуриддин Саид ба хабарнигорон.
Мавсуф иброз дошт, ки дар доираи «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» омода намудани 12 манора бо баландии аз 12 то 18 метр вобаста ба минтақаи ҷойгиршавии истгоҳҳои радиотелевизионии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои васлу кафшергарӣ оғоз гардидааст.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани фарогирӣ ва пахши барномаҳои телевизион ва радиои давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар доираи татбиқи марҳилаи 4-уми барномаи мазкур корҳои омодагиву таъмири бинои техникӣ ва хати барқ дар макони насби фиристандаҳои рақамӣ дар маҳалҳои Ҳоити ноҳияи Рашт, Чуҷалии шаҳри Ҳисор, Гулхаси шаҳри Турсунзода, Мотравни ноҳияи Ванҷ, Шитам ва Сохчарви ноҳияи Шуғнон, Шикуши ноҳияи Роштқалъа, Ганҷинаи ноҳияи Хуросон, Даштиҷум ва Порвори ноҳияи Шамсиддин Шоҳин анҷом дода шуданд.
«Дар баробари ин, корҳои омодагӣ дар деҳаҳои Ғеш ва Дашти Ар-ари ноҳияи Муъминобод, Миёнаду ва Чилдараи ноҳияи Сангвор, Лаккони шаҳри Исфара бо маром идома дорад»,-гуфт Раиси Кумита.
Тазаккур дода шуд, ки иҷрои марҳилаи 4-уми «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024», ки насби 30 фиристандаи рақамиро дар назар дорад, то охири соли 2023 ба анҷом расида, он имкон медиҳад, ки фарогирии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ бо пахши рақамӣ ба 83% расонида шавад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






