НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба фаъолият оғоз менамояд

Июль 27, 2023 16:50

ДУШАНБЕ, 27.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз соли нави хониш Литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои синфҳои 5-11 (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) ба фаъолият оғоз менамояд, иттилоъ дод Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода имрӯз дар нишасти матбуотӣ.

Ректори донишгоҳ иброз дошт, ки дар факултетҳои химия, биология ва физика боз 3 озмоишгоҳи замонавӣ барои таҷрибаомӯзиву дарсҳои лабораторӣ ба истифода дода мешаванд.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки то оғози соли нави таҳсил бинои нави дуошёнаи таҷрибомӯзӣ барои донишҷӯёни факултетҳои химия, биология ва география мавриди истифода қарор мегирад.

«Илова бар ин бинои таълимии замонавии 5-ошёнаи таълимӣ низ то аввали соли нави таҳсил ба истифода дода мешавад. Бори нахуст дар назди хобгоҳи донишгоҳ меҳмонхона барои меҳмонони хориҷие, ки дар доираи ҳамкории дуҷониба ба донишгоҳ меоянд, ба хизматрасонӣ  шуруъ менамояд. Ин меҳмонхона тибқи талаботи имрӯза таъмиру муҷаҳҳаз шудааст», -гуфт ректори донишгоҳ.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли нави таҳсил раёсати донишгоҳ нақша  дорад, ки бо мизу курсиҳои истеҳсолнамудаи Парки технологии донишгоҳ боз 5 мактабро бо таҷҳизоти зарурии замонавӣ таъмин намояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 27, 2023 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст