НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Раванди таҳсили фарзандон аз ҷониби волидайн бояд ҷиддӣ назорат шавад!
ДУШАНБЕ, 28.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода волидайни донишҷӯёни донишгоҳро даъват намуд, ки ба дарсҳо ҳозир шудани фарзандони худро ба таври ҷиддӣ назорат намоянд.
«Дар донишгоҳ системаи автоматикунонидаи идораи таълим фаъол аст ва дар ҳуҷраи электронии донишҷӯй ба таври феълӣ баҳо ва иштирокаш дар дарсҳо ҳамарӯза сабт мешавад»,-гуфт ӯ.
Ректори донишгоҳ иброз дошт, ки падару модарон бояд ба ин система ворид шуда, фарзандони худро назорат намоянд. Зеро баъзе ҳолатҳое мешавад, ки бо сабаби давомоти нокифоя донишҷӯён хориҷ мешаванд. Волидон пас аз ду моҳ хабардор шуда, ба донишгоҳ муроҷиат менамоянд.
«Хуб мешуд, ки волидон раванди таҳсили фарзандонашонро ҷиддӣ назорат намоянд, зеро таҳсил дар риштаи тиб масъулияти калон талаб менамояд. Шахсоне, ки дар ин соҳа таҳсил менамоянд, бояд донишу тарбияи баланд дошта бошанд»,-иброз дошт Маҳмадшоҳ Гулзода.
Иттилоъ дода шуд, ки теъдоди умумии таҳсилкунандагони донишгоҳ 13 ҳазору 543 нафарро ташкил намуда, танҳо дар соли таҳсили 2022-2023 донишгоҳро 2075 нафар хатм намуданд, ки 1639 нафар донишҷӯёни ватанӣ ва 436 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз 11 давлати дунё мебошанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






