ОБОДИИ ВАТАН АЗ ОБОДИИ МАҲАЛ САРЧАШМА МЕГИРАД. 1 км роҳи асосии деҳаи «Ҷовидон»-и шаҳри Турсунзода асфалтпӯш мегардад

Июль 26, 2023 13:00

ДУШАНБЕ, 26.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони деҳаи «Ҷовидон»-и Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкори баномуси ин диёр Умаралӣ Сафаров ният доранд, ки қариб 1 км роҳи асосии маҳалларо асфалтпӯш намоянд. Ҳоло корҳои ҳамворкунии роҳҳо ва васеъ намудани ду пули деҳа муташаккилона идома дорад.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Ташаббусҳои неку созандаи аҳли ин деҳа ба ободии маҳали зист ва дар руҳияи созандагию ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандон равона гардидаанд.

Дар назар аст, ки дар наздиктарин фурсат роҳи байнидеҳавӣ бо иқдоми соҳибкори саховатпеша ва сокинони ҷамоати деҳот бо сифати баланд асфалтпӯш гардад. Бояд гуфт, ки роҳҳои деҳаи мазкур ҳатто дар замони пеш аз соҳибистиқлолӣ  низ асфалтпӯш нашуда буданд. Ин иқдом орзуи чандинсолаи мардуми деҳаро амалӣ менамояд.

Ҳамзамон дар доираи тадбирҳои  созандагиву бунёдкорӣ дар ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами 4-ишаҳри Турсунзода тибқи нақша 3 гурӯҳ ва 2 майдончаи варзишӣ таъмир гардида, қисмати берунии боғча низ рангу бор шуд. Инчунин шиору овезаҳо иваз гардида, масъулин 30 кати замонавӣ ва рӯйпӯшҳо хариданд.

Тибқи иттилои мудири кӯдакистон Фируза Собирова, дар давраи солимгардонӣ байни кӯдакон бозиҳои гуногуни шавқовар гузаронида шуда, ҳамзамон таъмири ҷории боғчаи мазкур идома меёбад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Июль 26, 2023 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд