Олимон дар баҳри Миёназамин 1,5 дараҷа баланд шудани ҳарорати ҳаворо нисбат ба дигар минтақаҳо мушоҳида намуданд
ДУШАНБЕ, 20.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Олимони турк пешгӯӣ мекунанд, ки ҳарорати ҳаво дар минтақаи баҳри Миёназамин нисбат ба минтақаҳои дигар ба ҳисоби миёна 1,5 дараҷа бештар боло меравад. Дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба агентии «Анадолу» иттилоъ медиҳад.
Дар суҳбат бо «Анадолу» мудири бахши физикаи донишгоҳи Ишик Тугба Озтурк изҳор дошт, ки мувофиқи натиҷаи тадқиқот, бо 1 дараҷа боло рафтани ҳарорат дар ҷаҳон дар минтақаи Баҳри Миёназамин афзоиши он 1,5 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Тадқиқот дар самти тағйирёбии иқлим дар Аврупо, ҳавзаи Баҳри Миёназамин ва Туркия аз нигоҳи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва сари вақт муайян кардани хатарҳо муҳим мебошанд.
Озтурк таъкид намуд, ки дар чаҳорчӯби лоиҳа олимон басомад ва шиддати ҳодисаҳои шадиди обу ҳаворо дар ҳавзаи баҳри Миёназамин ва Аврупо омӯхтаанд.
Дар доираи таҳқиқот инчунин таъсири эҳтимолии тағйирёбии иқлим ба бахшҳои мухталифи иқтисодиёт омӯхта шудааст. Аз ҷумла, тағйирот ба соҳаҳои кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ ва ҳатто тандурустӣ таъсир мерасонанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Anadolu Agensy








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






