Пагоҳ дар музофоти Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ҳамоиши нахустини Шӯрои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ баргузор мешавад

Июль 18, 2023 20:00

ДУШАНБЕ, 18.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 июли соли 2023 дар музофоти Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ҳамоиши нахустини Шӯрои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ баргузор хоҳад шуд, ки дар он дар баробари дигар Сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок менамоянд.

Интизор меравад муколамаи стратегӣ, ки 7 сентябри соли 2022 бо ҷаласаи вазирони корҳои хориҷӣ дар ар-Риёз ибтидо ёфта, минбаъд дар вохӯриҳо дар қароргоҳи Шӯрои Халиҷ дар сатҳи сафирони давлатҳои ҳар ду минтақа (охиринаш 16 январи соли 2023), ниҳоят, бо талошҳои пайгиронаи Дабири кулли Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ д-р Нойиф Фалоҳ ал-Ҳаҷраф ҳангоми боздидаш аз давлатҳои Осиёи Марказӣ моҳи августи соли 2022 идома ёфта буд, дар ин нишаст дар сатҳи олӣ ба расмият дароварда шавад.

Аҳамият ва самтҳову ҳадафҳои ин муколама ҳанӯз дар ҳамон ҷаласаи вазирони корҳои хориҷӣ мушаххас шуда буд. Аз назари  коршиносон ва воқеанигорони араб, ки қаблан мулоҳиза карда будем, Осиёи Марказӣ барои давлатҳои сарватманди араб минтақаи нисбатан нав буда, бо боигариҳои табиию башарии худ иқтидори бузурги сармоягузории дарозмуддатро метавонад фароҳам орад.

Аз ин ҷост, ки солҳои охир таваҷҷуҳи шаш давлати арабии Халиҷ (Арабистони Саудӣ, Салтанати Уммон, Шоҳигарии Баҳрайн, Давлати Қатар, Давлати Кувайт ва Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб) ба ин минтақа ба таври назаррас афзуда, ҳар яки он ҷудогона барои вуруд ба иқтисоди он талошҳо кардаанд.

Арабистони Саудӣ, ки аз бузургтарин ва сарватмандтарин давлатҳои арабӣ дар Халиҷ ба шумор меравад, гомҳои нахустро барои санҷиши набзи ҳамкорӣ бо кумакҳои бебозгашти зерсохторӣ тавассути Маркази Шоҳ Салмон оид ба имдод ва кумакҳои башардӯстона бардошта, то ҳол ҷиҳати иҷрои тарҳҳои зерсохторӣ ва иҷтимоӣ, хусусан сохтмон ва бозсозии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҳои зиёди бебозгашт ҷудо намудааст.

Ҳамчунин Бунёди башардӯстонаи Шоҳ Абдуллоҳ панҷ клиникаи тиббии сайёрро бо арзиши тақрибии 20 млн доллари ИМА, ки бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз шудаанд, барои расонидани ёрии тиббӣ ба Тоҷикистон тақдим намуд.

Сипас ба тадриҷ  Фонди Саудии Рушд дар чанд соли охир ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон рӯ оварда, барои бунёд ва навсозии лоиҳаҳои зерсохторӣ қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 300 млн.доллари ИМА тақдим намуд, ки он асосан ба бахшҳои беҳдоштӣ, маориф, нақлиёт ва обёрӣ равона карда шудааст.

Нақши Бонки Исломии Рушд, ки сармояи он асосан аз ҳисоби Арабистони Саудӣ ташаккул ёфтааст, дар рушди мамлакат тавассути бунёди лоиҳаҳои муҳим дар тамоми соҳаҳо мусбат ва арзанда ба ҳисоб меравад.

Гомҳои нахустро дар бахши башардӯстӣ Давлати Кувайт ва Амороти Муттаҳидаи Араб низ бардошта, хусусан дар соҳаи тандурустӣ ва мубориза бо пандемия кумакҳои назаррас карданд. Дар ҳамин ҳол Давлати Қатар нисбат ба ин ду ҳамтои худ ба қадре боҷуръат ва пештоз ба назар мерасад.

Сафари расмии Амири Давлати Қатар шайх Тамим ибни Ҳамадоли Сонӣ чанде пеш (5-8 июни соли 2023) ба давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бо имзои як силсила созишномаҳои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ анҷом ёфт, ки иҷрои он Қатарро ба яке аз шарикони рушд ва давлатҳои муҳими сармоягузор дар иқтисодиёти минтақа метавонад мубаддал созад, бахусус, ки бахши хусусии он дар мисоли ширкати бузурги гуногунҷабҳаи «Диёр Қатар» кайҳо таҷрибаи кору ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро тавассути тарҳи «Диёр Душанбе» гирифтааст.

Тоҷикистон, ки дорои бузургтарин захираҳои оби тоза, неруи таҷдидшавандаи гирдоэнергетикӣ ва имконияти фаровон барои рушди иқтисоди «сабз» мебошад, дар навбати худ метавонад ба давлатҳои арабии Халиҷ барои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ тарҳҳои ҷолиб ва ояндадори мутақобилан судманд ба нафъи минтақа пешниҳод намояд.

Метавон изҳори итминон кард, ки саммити Ҷидда, ки бо сарпарастӣ ва мизбонии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, ба натиҷаву қарорҳои чашмдошти он наздикӣ ва ҳамгироии дастҷамъонаи бештари кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказиро дар амалӣ намудани ормонҳои рушду шукуфоии бемайлон, таҳкими сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Ҳамчунин шоистаи ёдоварӣ аст, ки дар фазои геосиёсии ҷаҳони муосир густариши ҳамгироии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ дар раванди таваҷҷуҳ ба бисёрқутбӣ, ки онро имрӯз ду абарқудрат- Русия ва Чин ташвиқ ва роҳандозӣ мекунанд, қарор мегирад ва аз он, бешубҳа, ин ду абарқудрат, ки Осиёи Марказӣ доираи нуфузи онҳо ба шумор меравад, бебаҳра нахоҳанд монд, зеро минтақаи Осиёи Марказӣ барои давлатҳои арабии Халиҷ метавонад як навъ равзана ва ё худ мадхали иловагӣ бошад. Он масофаро ба сӯи Русия ва Чин ва сохторҳои минтақавии онҳо, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай наздиктар хоҳад намуд.

Шаҳлохон МУРОДАЛӢ,
ходими хурди илмии шуъбаи
Шарқи Наздик ва Миёнаи
Институти омӯзиши  масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС аз манбаъҳои боз

 

Июль 18, 2023 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Миллатдӯстӣ шарти асосии муқовимат ба таҳдидҳои мафкуравӣ аст
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ. Аз таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 19 сол пур шуд
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
Таҳкими худшиносии ҷавонон тавассути тарғиби фарҳангу тамаддун ва таърихи пурғановати миллӣ амали омӯзанда аст
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Соли 2025 аъзои 174 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуданд
Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад?
ТОҶИКИЯТ — ЗАМИНАИ ХУДШИНОСӢ. Он шаҳрвандонро ба эҳтироми ҳуқуқҳои фитрӣ даъват менамояд
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБУ ИҚЛИМ. Аз соли 1940 то соли 2017 — дар ҳар даҳсола аз +0,1 то +0,2 дараҷа ҳарорати ҳаво баланд шудааст
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад
Намнокии баланди ҳаво сабаби пайдоиши туман мегардад
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Андешаҳо оид ба таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар фарҳанги тоҷикон
МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Чаро бояд чунин марказ таъсис дода шавад?