Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Валиаҳд ва Раиси Шурои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 19.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар ҳошияи нахустин нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ бо Валиаҳд ва Раиси Шурои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд мулоқот намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Валиаҳд ва Раиси Шурои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд аз пазироӣ ва ба ҷониби Арабистони Саудӣ барои ҳусни таваҷҷуҳ ва меҳмоннавозии самимӣ сидқан изҳори сипос намуданд.
Ҷонибҳо нишасти аввалинро дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Халиҷ” рӯйдоди муҳим дар таърихи муосири робитаҳою машваратҳои ду минтақа арзёбӣ карда, изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои он ба тақвияти риштаҳои дӯстӣ ва пешбурди ҳамкории судманди ҷонибҳо мусоидати муассир хоҳанд намуд.
Зимни мулоқот тарафҳо аз роҳандозӣ ва тақвияти муколамаи стратегӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои аъзои Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ҷонибдорӣ намуданд.
Зимни мулоқот масоили ҳамкории ду давлат дар бахшҳои барои ҷонибҳо судманд, таҳкими робитаҳои ҳасана, нақши хоссаи муколамаи пайвастаи сатҳи олӣ ва баланди ҷонибҳо муҳокима гардид.
Ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ ба рушду густариши робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ дар чаҳорчӯби Кумитаи муштараки дӯстии парлумонӣ, Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, Форуми сармоягузории ду мамлакат ва Фонди рушди саудӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, ҳамчунин коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан, аз самтҳои барои ҳарду ҷониб судовар арзёбӣ гардид.
Ҷалби сармояи саудӣ барои рушди бахшҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон, ки дорои захираву имконияти фарох аст, зарур шумурда шуд.
Тавсеаи минбаъдаи робитаҳои фарҳангиву башарӣ омили муҳимми таҳкими дӯстии безаволу бародарии байни мардумони ду мамлакат маънидод гардид.
Ҷонибҳо зимни суҳбат ҳамчунин масъалаи рушду таҳкими ҳамкориро дар соҳаҳои илму маориф, сайёҳӣ, тандурустӣ ва варзишу ҷавонон баррасӣ намуданд.
Густариши ҳамкории кишварҳо дар арсаи амниятӣ, аз ҷумла ҷиҳати муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд, ки ҷонибҳо атрофи онҳо табодули афкор намуданд.
Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Валиаҳд ва Раиси Шурои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид бо сафари ҷавобии расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон






