Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд

Июль 5, 2023 07:56

ДУШАНБЕ, 05.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ дар деҳоти Урметан майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро ифтитоҳ карда, парчамро парафшон намуданд.

Майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Урметан дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, дар он барои сайру гашти сокинону меҳмонон шароити мусоид фароҳам карда шудааст.

Иншоот дар масоҳати 1000 метри мураббаъ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва соҳибкори ватандӯст Шаҳбоз Қодиров бунёд гардидааст.

Корҳои сохтмонию ободониро дар иншоот мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарафшонсохтмон» дар муддати кутоҳ бо истифода аз масолеҳи баландсифат ва тарҳи муосир анҷом додаанд.

Баландии сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Урметан дар умум бо таҳкурсиаш 35 метрро дар бар мегирад.

Паҳноии матои Парчам 6 метр ва дарозии он 12 метр мебошад.

Роҳравҳои майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масофаи зиёда аз 400 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шуда, дар он суҳбаткада ва нишастгоҳҳо барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон ва сайёҳон гузошта шудааст. Деворҳои атрофи иншоот бо истифода аз нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст.

Бо мақсади таъмини рушноӣ дар ҳудуди майдони Парчами давлатӣ чароғакҳо насб гардида, шабона ба зебоии мавзеъ зиннат мебахшанд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву худшиносӣ дар замири шаҳрвандони мамлакат, махсусан наврасону ҷавонон дар марказ ва деҳоти аксар шаҳру ноҳияҳои мамлакат Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парафшон карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ва парафшонии ин рамзи муаррифкунандаи давлату миллати тоҷик дар арсаи байналмилалиро дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои сокинон, махсусан наврасону ҷавонон туҳфаи арзишманд маънидод намуданд.

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ 05.07.2023

Июль 5, 2023 07:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд