Президенти Амрико дар иёлати Вермонт бинобар обхезии фоҷиабор вазъияти фавқулода эълон намуд
ДУШАНБЕ, 13.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден рӯзи сешанбе дар иёлати Вермонт бинобар обхезии фоҷиабор вазъияти фавқулода эълон намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад.
Ҷозеф Байден дастур додааст, ки илова ба талошҳои вокуниш дар иёлати шимолу шарқӣ ва дар маҳалҳо кумаки федералӣ ҷудо карда шавад. Дар минтақаҳои аз обхезӣ зарардида аз рӯзи якшанбе то ҳол вазъияти фавқулода боқӣ мондааст.
«Маркази маъмурии Вермонт ва аксари дигар ҷамоаҳои иёлат зери об монданд. Харобаҳо ва обхезиҳоеро, ки мо дар ин ҷо аз сар мегузаронем, таърихӣ ва фалокатбор мебошанд», — баён намуд губернатори Вермонт Фил Скотт субҳи сешанбе дар «Твиттер».
Борони шадид дар иёлати Вермонт боиси баста шудани роҳҳо ва гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ гардид. Мувофиқи маълумоти хадамоти миллии обуҳавошиносии ИМА, дар баъзе минтақаҳо дар давоми рӯзҳои охир шадидтарин боришот ба амал омадааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: «Синхуа»








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






