Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ коргоҳи муосири дӯзандагӣ ва ҳунармандиро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 05.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ коргоҳи муосири дӯзандагӣ ва ҳунармандиро, ки яке аз бандҳои тарҳрезишуда бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбад, мавриди истифода қарор доданд.
Коргоҳи мазкур дар масоҳати 195 метри мураббаъ бунёд шудааст. Бо зиёд гардидани шумораи аҳолӣ сохта ба истифода додани иншооти истеҳсолӣ, хусусан дар деҳоти дурдаст ва фароҳамсозии инфрасохтори зарурӣ аз талаботи замон буда, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла панҷсолаи рушди саноат мусоидат менамояд.
Ташаббуси мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Маъруф Мелиев амалӣ карда шудаааст.
Корҳои бунёдӣ дар иншоот моҳи майи соли 2023 оғоз гардида, бо сифати баланд сохта ба истифода дода шуд. Коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандӣ бо 16 мошинаи дарздӯзӣ, дастгоҳҳои ороишдиҳанда ва дигар таҳҷизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки бо ба истифода додани ин коргоҳ 20 нафар ҷавондухтарону занони маҳаллӣ бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гардида, ҳамчунин ҷиҳати соҳибкасб гардидани хоҳишмандон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст.
Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ ва суҳбат бо чеварон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҳиммати ҷавонмардонаи соҳибкорро дар самти дастгирӣ ва ҳамоҳангӣ аз ташаббусҳои созандаи Ҳукумати мамлакат неку муассир арзёбӣ намуданд.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандӣ либосҳои ягонаи мактабӣ, тиббӣ, номгӯйи гуногуни либосҳои занонаву мардона, либосҳои арӯсию ҷашнӣ ва ҷиҳози хона барои манзили зисту корхонаҳо мувофиқи дархости мизоҷон омода мегардад.
Сарвари давлат ба ҳунармандон барои дастгирии ҳамешагии аз иқдомоти Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуда, онҳоро барои соҳибкасб намудани насли ҷавон ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии ин қишри ҷомеа ҳидоят намуданд.
Дар иртибот ба ин занони деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ аз дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии давлату Ҳукумати мамлакат ва фароҳамсозии шароити кору фаъолият дар минтақаҳои дурдаст изҳори миннатдорӣ намуданд. Онҳо ваъда доданд, ки минбаъд низ дар пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат фаъолият карда, дар ҷодаи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии он ба ҷаҳониён саҳми муносиби худро хоҳанд гузошт.









Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд






