Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин вохӯрии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ иштирок ва суханронӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 19.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар нахустин вохӯрии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғози суханронии худ Пешвои миллат ба Подшоҳи Арабистони Саудӣ, Ходими ҳарамайни шарифайн Аълоҳазрат Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд ва Валиаҳд, Раиси Шурои Вазирони Арабистони Саудӣ Волоҳазрат Муҳаммад ибни Салмон барои даъват ба нишаст ва меҳмоннавозӣ миннатдории худро изҳор намуда, ҳамзамон ҷониби Арабистони Саудиро барои сатҳи баланди ташкилӣ ва бомуваффақият баргузор намудани мавсими Ҳаҷ дар соли равон табрик гуфтанд.
Зимни суханронии худ Сарвари давлати мо аз муштаракоти амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи Халиҷ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки масъалаҳои вобаста ба таҳкими робитаҳои гуногунҷанба бо кишварҳои аъзои Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии мамлакат муайян карда шудааст.
Дар ин замина дар баробари тамаркузи таваҷҷуҳ ба аҳамияти роҳандозии муколамаи стратегӣ дар чаҳорчӯби “Осиёи Марказӣ-Халиҷ” омодагии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд дар бахшҳои мухталифи иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, фарҳанг, аз ҷумла дар доираи “Нақшаи амали муштарак барои солҳои 2023-2027” изҳор гардид.
Зимни суханронӣ аҳамияти чунин бархурд ҳамчун заминаи мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои мушаххас таъйид гардида, истифодаи иқтидори ниҳодҳои молиявӣ ва фондҳои рушди кишварҳои Халиҷ ва Гурӯҳи Бонки исломии рушд дар ин раванд муҳим дониста шуд.
Соҳаҳои энергетика, саноат, аз ҷумла саноати сабук ва хӯрокворӣ, ҳамчунин кишоварзӣ, бонкдорӣ, туризм, иқтисоди рақамӣ, самтҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва транзитиву нақлиётӣ аз ҷумлаи бахшҳои авлавиятнок дар раванди татбиқи тарҳҳои сармоягузорӣ номбар шуданд.
Дар ин зимн, бо дарназардошти иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон алоқамандии ҷониби мо ба ҷалби сармояи кишварҳои арабии Халиҷ ба рушди энергетикаи “сабз” махсус таъкид гардид.
Президенти мамлакат ҳамчунин атрофи дигар самтҳои ояндадори ҳамкории барои ҷонибҳо судманд, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза, татбиқи лоиҳаҳои мухталифи тиҷоратию иқтисодӣ ва нақлиётиву коммуникатсионии дорои аҳаммияти минтақавӣ, сохтмони шоҳроҳҳои автомобилгард ва роҳҳои оҳани муосир ҷиҳати баромадан ба бандарҳои баҳрӣ изҳори назар намуданд.
Дар баробари ин тавсеаи ҳамкорӣ дар арсаи гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш аз василаҳои босамари таҳкими дӯстӣ ва наздикии мардумони кишварҳои ду минтақа дониста шуд.
Зимни таъкиди тамоюли шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои глобалӣ Сарвари давлати мо масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавиро мавриди назар қарор доданд. Дар ин росто ба масъалаҳои вобаста ба таъмини амният ва тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Президенти Тоҷикистон аз роҳандозии тамосҳои бештар зич дар ҳалли масоили номбурда ва тавсеаи ҳамкории созанда дар ин самт бо кишварҳои арабии Халиҷ ҷонибдорӣ намуданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ Эъломияи муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои аъзои Шурои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷ қабул гардид.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон






