Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази ташхисӣ-табобатии «Садаф»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Июль 6, 2023 11:08

ДУШАНБЕ, 06.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6 июл дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бинои навбунёди Маркази ташхисӣ — табобатии “Садаф”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маркази ташхисию табобатӣ дар доираи корҳои бунёдкориву созандагӣ ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Наимҷон Тураев сохта шудааст.

Баробари ба истифода додани иншооти соҳаи тандурустӣ 40 нафар мутахассиси баландихтисос бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2022 оғоз гардида, дар фурсати муқаррашуда ба итмом расидааст. Маркази ташхисию табобатӣ дорои 12 ҳуҷра ва 34 кат барои беморон мебошад.

Иншооти мазкур бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ ва бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ дар масоҳати умумии 0,17 гектар қомат афрохтааст.

Дар Маркази ташхисию табобатии “Садаф” маҷмӯи васеи хизматрасонии тиббӣ, аз қабили ҷарроҳии эстетикии ҷоғу рӯй, гузоштани имплантант ва дармонгоҳи дил ба роҳ монда шудааст.

Бинои навбунёди хуштарҳу замонавӣ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ ва табобатӣ, аз ҷумла лазери спикане, ки аз Ҷумҳурии Корея дастрас гардидааст, таҷҳизонида шудааст.

Маркази муосири ташхисию табобатии “Садаф” дорои ошхона ва толори маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст мебошад.

Дар бинои нав таҷҳизоти муосири тиббии дандондармонӣ, микроскоп барои гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ, ренгент барои ҷоғу рӯй, ҳуҷраи физиотерапевтӣ, толори истироҳату фароғати кӯдакон ва ҳуҷраҳои кории табибон ҷойгир шудааст.

Дар маркази муосир ҳамаи ташхису табобат бо сифати баланд ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорро ҷиҳати таъмини шароити муосири ташхис ва табобати дандон намуна арзёбӣ намуданд.

Ифтитоҳи Маркази ташхисӣ-табобатии “Садаф” дар шаҳри Хуҷанд 06.07.2023

Июль 6, 2023 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд