Раъду барқи шадид дар сарҳади Фаронса ва Швейтсария бо харобиҳои назаррас ба анҷом расиданд

Июль 25, 2023 17:53

ДУШАНБЕ, 25.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари раъду барқ, ки аз минтақаҳои сарҳадии Фаронса ва Швейтсария гузаштанд, як нафар ҳалок ва даҳҳо нафари дигар маҷруҳ шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Euronews хабар медиҳад.

Раъду барқи шадид дар минтақаи Юра (Швейтсария) бо харобиҳои зиёд  анҷом ёфт. Дар шаҳри Ла-Шо-де-Фонд дар кантони Нойшател як нафар ба ҳалокат расид. Ба гуфтаи полис, сабаби марг афтидани крани сохтмонӣ будааст. Даҳҳо нафар осебдидагон ба хадамоти ёрии таъҷилӣ муроҷиат карданд.

Сардори шуъбаи идоракунӣ Жан Даниэл Жаннере онро «рӯзи сиёҳ дар таърихи Ла Шо-де-Фон»  номид. Обуҳавошиносон тахмин намудаанд, ки чӣ метавонад ба чунин харобиҳо оварда расонад. Тибқи иттилои Meteo Suisse, ин ё гирдбод ё тундбод — ҳаракати пурқуввати кӯтоҳмуддат аз поён ба самти ҳаво ҳангоми раъду барқ мебошад.

Дар Фаронса дар минтақаи наздисарҳадии О — Ду ҳангоми гузаштани  ин ҷабҳаи тӯфонӣ тақрибан садҳо хонаҳо осеб дида, яке аз онҳо қисман вайрон шудааст. Ба гуфтаи соҳибон, ин ҳодиса дар тӯли якчанд дақиқа рух дод: дар пеши назари онҳо шамол бомро бардошта, бурд ва  деворҳо фурӯ рехтанд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Euronews

Июль 25, 2023 17:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад