Раиси вилояти Хатлон ва гурӯҳи сармоягузорони Чин таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 29.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Хатлон бо ҳайати сармоягузорону соҳибкорон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрӣ намуд, ки зимни самтҳои афзалиятдори ҳамкории иқтисодии байни минтақаҳои ду давлат, аз ҷумла дар соҳаи саноати сабук, нақлиёт ва коммуникатсия баррасӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Ҷонибҳо вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои коркарди нахи пахта, меваю сабзавот ва ҳамкорӣ дар самти иқтисоди “сабз” табодули афкор намуданд.
Гуфта шуд, ки барои ҳарду ҷониб рушд додани ҳамкорӣ дар самти бунёди гармхонаҳои парвариши сабзавоти барвақтӣ, таъсиси корхонаҳои хурди коркарди меваю сабзавот бо истифода аз фанноварии муосир ва содироти консерваҳои меваю сабзавот судманд мебошад.
Раиси вилоят ҳамчунин таъкид дошт, ки метавонем дар самтҳои рушди туризм, таъсиси корхонаҳои муштараки бофандагию ресандагӣ, ҳамкорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ», «Данғара» ва «Кӯлоб», иҷораи дарозмуддати заминҳои таъйиноти кишоварзӣ, пешбурди тиҷорати хурду миёна бо мақсади рушди муносибатҳои тиҷоратӣ бо доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ монем.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои баррасишуда баён намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон










Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






